
ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Тоҷикистон» ва «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти Панҷоб хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки соли ҷорӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба масъалаҳои зикршуда ва бодарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад, гуфт дар баромадашон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат.
Дар қисмати иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони деҳаҳои Тоҷикистон ва Чорбоғ ба ҷӯйтозакунӣ ва сафед кардани дарахтони мевадиҳандаву сояафкан машғул гардиданд.