БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён корҳои тарбиявию маърифатиро баҳри ҷавонон вусъат бахшиданд!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Бахши ҷавонон ва варзиш» хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Нахуст,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оғоз карда,  иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишваро ба меҳнати содиқона ва ба  нерӯи бузургу арзандаву ободкорона  раҳнамун  месозад.

Дар охир иштирокчиён барои дар амал татбиқ намудани  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва иҷрои корҳои ободонӣ даъват  карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg