КУШОНИЁН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо сокинони ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ доир ба таблиғи арзишҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, вазъи фазои динӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир, анъанаҳои неки мардумӣ ва таҳлил намудани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мунаввара Сатторова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, доир ба мавзӯъҳои болозикр, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, андешаронӣ намуда, ҳамагонро ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ ва самҳм гузоштан дар пешрафту ободии Ватан раҳнамоӣ карданд.