БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз Паём пайки файзи соли нусрат мерасад...

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Почтаи тоҷик” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун  барномаи  мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ маънидод мегардад, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум қарор мегирад, аз ҷониби  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии   Кумитаи  иҷроия Раҳмонов Алишер мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин, мавсуф дар рафти суҳбат доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, муқовимати дастаҷамъона бар зидди амалҳои коррупсионӣ ҳамчун омили хатарнок дар соҳаи иқтисодиёти кишвар андешаронӣ намуда, аз ҳар як иштирокчии хониши сиёсӣ  ҷиҳати хизмати содиқона ба халқу Ватан даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg