БОХТАР.Тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲДТ дар шаҳри Бохтар оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 ва расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ҳакимова Волида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Бонки миллӣ» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он Ҳакимова Волида зимни суханронӣ қайд намуд, ки тавре ба ҳамагон маълум аст 26 декабри соли 2018 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардуми кишвар ироа гардид, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян намуданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.