БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём меҳвари асосии некӯаҳволии мардум аст

БАЛҶУВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Шағмон»-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов бо сокинон вохӯрӣ  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мирзозода Исуф, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Муродова Марҷона иштирок дошта, дар бораи масъалаҳои мазкур суханронӣ намуданд.

Сокинони деҳаи  Шағмон  изҳор доштанд, ки баҳри амалӣ намудани  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат баста, баҳри ободу сарсабз гардонидан ва боз ҳам пешрафту шукуфон  гардидани як гӯшаи  диёр, деҳаи худ талош меварзанд.  

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи «Шағмон» зикр намуд, ки бо мусоид будани обу ҳаво  барои амлӣ  намудани Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо тариқи дастаҷаъмона ва ишироки фаъолонаи аъзои ҲХДТ дар ободу сарсабз гардонидани деҳаамон ҳиссагузор хоҳем шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg