БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳавасмандкунии фаъолони ҲХДТ дар деҳот

КУШОНИЁН. Дар ҷамоати деҳоти  Заргари ноҳия  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  Сатторова Мунаввара ва вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Нурмаҳмадзода Кибриё   бо  сокинони  деҳаҳои Обшорон, Пахтакор ва Иттифоқ вохӯрӣ оид ба  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид.

Зимнан  Мунаввара Сатторова дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дигар паҳлуҳои хоҷагии халқи мамлакат, ки дар Паём  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, андешаронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳарф зада, сокинонро ба хизмати софдилона, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ  раҳнамоӣ кард.

Дар охир раиси маҳаллаи  Обшорон  Муродов Рамазон барои саҳми арзанда гузоштан дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти   Хатлон сарфароз   гардонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg