БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём-роҳнамои ояндаи дурахшони Ватану миллат

 ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои ташвишовари терроризму экстремизм баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин  иштирок ва суханронӣ намуд.

 Ваҳобиддин Абдуллоев дар суханронии худ аз   вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва  нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб буда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg