А.ҶОМӢ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба ободониву созандагӣ дар маҳал ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Ташхис»-и назди Маркази ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ гузаронида шуд, ки дар он тамоми кормандони ташкилоти номбурда фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтон ва гулҳоро нарм карда, атрофи корхонаи худро аз партовҳо тоза карданд.
Инчунин, бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба амалишавии Аксияи ҳизбӣ қисмати берунии биноро рангубор намуданд.