ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Балхӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи ҳизбӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар нохия Бекмамадов Асалмамад чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар нохия Бекмамадов Асалмамад вобаста ба Аксияи тарғиботи–амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баромад намуда, иброз дошт, ки бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд пайваста мо чунин чорабиниҳоро роҳандози менамоем.