ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ -амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Меҳри модар” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Зимнан дар рафти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз Маҷлиси КИМ ҲХДТ, ки рӯзи 7 феврал таҳти Раёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон ва нашри махсуси «Ҳамрози халқ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони « Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ”Меҳри модар” Қурбонов Шералӣ ба як нафар ятимдухтари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 аз ҷамоати Деҳоти Кангурт Абдулҳақова Мадина сару либоси мактабӣ кӯмак карда шуд.