ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии Бойторӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Ғафуров Сайдамир-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия, Ҳошимов Тоҳир-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ ва Солиҳов Фирдавс-мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот иштирок намуданд.
Нахуст Ғафуров Сайдамир оид ба ҳадафи муҳими стратегии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ аъзоёни ташкилоти ибтидоии Бойторӣ иброз доштанд, ки ба мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ хизмат мерасонанд.
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” кормандони идораи бойторӣ тасмим гирфтанд, ки як чорабинии ободониро роҳандозӣ намоянд. Онҳо бо тоза кардани саҳни идора, нарм ва сафед кардани бехи дарахтон, шинондани ниҳолҳои софакан ва мевадиханда, тоза кардани ҷўйи обгузар ва баровардан партовҳо дар ин иқдом саҳм гузоштанд.