
ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар ЛКСК бо ҷалби зиёди ҷавонон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!» гузаронида шуд.
Дар Аксияи мазкур ҷавонон бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва баҳри боз ҳам тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр корҳои созандагию бунёдкорӣ, бахусус нарму мулоим кардани заминҳои кишт, шинонидани дарахтони сояафкану ҳамешасабз саҳми босазои худро гузоштанд.