БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маъюбон низ зери таваӌӌуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!

ДӮСТӢ. Тибқи ӌадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «РАСИН» бо  аъзои ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ масъулин дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи 7 феврали соли ӌорӣ  баргузор гардид,  ба иштирокдорон фаҳмониданд.  

Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ  масъулин дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ намуда, аз ҳари яки онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои  Раиси муаззами ҲХДТ  даъват  ба амал оварданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «РАСИН» Саидов Сафаралӣ дар якӌоягӣ бо аъзо ва ӌонибдорони ҳизб иқдоми созандаи  Кумитаи иӌроияи ноҳиявии ҳизбро дастгирӣ намуда, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»ба  сокини деҳаи ба номи Абдулқосим Лоҳутии ӌамоати деҳоти Ӌиликӯл   маъюби гурӯҳи 2-юм Шафиев Азизулло кӯмаки яквақтаина расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg