БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон дар пешрафту ободии кишвар саҳмгузоранд!

ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Меҳробод 4-и  ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Манучеҳри Хуршед ва ҷавонони фаъоли деҳаи мазкур шанбегӣ баргузор гардид.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва ҷавонони фаъол ба  ҳашари умумӣ баромада, атрофи маҳали зист, роҳҳои мошингарду пиёдагард, ҷӯйю обравҳои деҳаю маҳаллаҳоро аз партову алафҳои бегона тоза карда, дар тозагиву озодагӣ ва зебогии маҳали худ саҳм гузоштанд.

Ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроия дар дигар маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ бо маром идома ёфта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg