ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Балҷувон»-и ҷамоати шаҳраки Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон хониши сиёсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самьтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимнан дар хониши сиёсӣ Маҳмадов Одилҷон дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афхзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур 40 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида, дар корҳои хуррамгардонӣ саҳми арзанда гузоштанд.