
БОХТАР. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву чорабиниҳои ҳизбӣ, номгӯи корҳое, ки ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеи сокинон анҷом дода мешавад, дар маҳалаи Умари Хайём бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Исоев Фаррух баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин ждар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, сокинонро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ карданд.
Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» истиқоматкунандагон роҳравҳои дохили маҳалларо сангфарш намуда, гирду атрофи маҳали зисти хешро ба тартиб дароварданд ва ҷӯйборҳои обгузарро аз ҳар гуна алафу партовҳо тоза карданд.
Раиси маҳала дар охир қайд намуд, ки чунин корҳои ободонӣ зиёд ба роҳ монда шавад, чунки дар тозаву обод гардонидани шаҳру маҳаллаи худ саҳми арзанда гузоранд.