БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтарин хайр дасти ятимону дармондагон ва беморону бечорагонро гирифтан аст!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Ориё”-и ҷамоати шаҳраки Балх ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон, мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин, Сармутахассис оид ба корҳои дин дар ҷамоати шаҳраки Балх Ҷумаев Ҷамшед, ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби Ғоибов Турахон хониши сиёсӣ гузаронида  шуд.

Сараввал мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин,  ҳозиринро бо самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ шинос намуда, ҳамзамон дар бораи эълон гаштани соли 2019 ҳамчун Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ огоҳи пайдо намуданд.

Дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, масъулин оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани соли 2019 ҳамчун Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Дар идома Сармутахассис оид ба корҳои дин дар ҷамоати шаҳраки Балх Ҷумаев Ҷамшед, оид ба камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор кардани тӯю маъракаҳо маълумоти муфассал дод.

Оид ба тадбиқи амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ду нафар маъюб маводи хӯрока кумаки модди расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg