ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии «Барқ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории хониши сиёсӣ ба сокинон расонидани моҳияти сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиистон ироа гардида буд, мебошад.
Инчунин, дар ин раванд масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла сарфарҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он андешаронӣ намуда, аз мутахассисони соҳаи барқ барои хизмати содиқона ба халқу Ватан даъват ба амал оварданд.
Дар охир ба 5 нафар мутахассисони ҷавоне, ки нав ба кор таъин гардидаанд, шаҳодатнома ва нишони ҳизбӣ дар вазъияти танатнавӣ тақдим карда шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Гулов Баҳром иқдоми роҳнамосози ҳизбро бо коллективи кормандон дастгирӣ намуда, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба сокини кӯчаи ба номи Афғон Каримови ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл зани яккаву танҳо Габдураҳманова Зуҳра кӯмаки яквақтаина расониданд.