БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маӽал оғоз мешавад!

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо аъзои  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Меӽнатобод" ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" дар ҷамоати  деҳоти Абӯабдуллоҳи  Рȳдакии ноҳия корҳои ободонӣ  гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, раиси ҷамоати деҳот  Неъматзода Ибодулло ва сокинони фаъоли маӽаллаи мазкур ширкат варзида, ҷаҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ду тарафи кȳчаӽои маӽалла дарахтони ӽамешасабз ва сояафкан шинонида, ба ӽусни маӽалла як ӽусни зебое бахшиданд, ки кас аз диданаш ӽаловат мебарад ва диққати ӽам меӽмонони дохилӣ ва ӽам беруниро ба худ ҷалб менамояд.

Дар охир ба сокинони маӽаллаи Меӽнатобод барои баланд бардоштани мафкураи сиёсии онӽо нашрияи махсуси ӽизбии «Ӽамрози халқ» дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg