БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризм: мафҳум, моҳият ва хусусиятҳои он

ВОКУНИШ. Дар оғози асри XXI инсон бо амали номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризм мебошад. Дар ҷомеа баъзе шахсиятҳо терроризмро амале унвон медиҳанд, ки гӯё дар ҳамаи давраҳои таърихӣ инсониятро ҳамроҳӣ намудааст, аммо ин ақидаҳо асоси воқеӣ надоранд. Решаҳои терроризм хеле чуқур мебошанд. Манбаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Имрӯз касе дақиқ гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва бо кадом мақсад содир шудааст. Аз давраҳои қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие мавҷуд буданд, ки бо роҳи тарсонидан мақсадҳои худро ба сари дигарон бор намоянд.

Дар марҳалаи кунунӣ низ амалҳои террористӣ сабаби кушта шудани миқдори зиёди одамони бегуноҳ мегардад. Таърихи қарни XIX, XX ва оғози XXI собит месозанд, ки амалҳои террористӣ бисёртар характери сиёсиро ба худ гирифта, доираи амал ва фаъолияти террористон васеъ гардад. Дар натиҷаи пешрафти техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯйи зарарҳои расонидаашон ба амалиётҳои калони ҷангӣ гувоҳӣ медиҳанд. Мисоли ин амалҳои террористӣ, ки 11-уми сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо бераҳмӣ махсус анҷом дода шуд, ки одамони зиёд қурбонӣ шуданд. Ё, ин ки давоми ҳамон сол террористон дар моҳи  октябри соли 2002 дар шаҳри Маскав ҳаракати ба гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳро пеша намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳи Маскав вафот карданд. Инчунин, амали террористӣ ва бо амалҳои нопоку тарҳрезишудаи гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти сарварии Назарзода Ҳалим моҳи  сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, ки дар натиҷа беш аз даҳҳо бегуноҳон қурбони ин фоҷиа гардиданд.

Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ки моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд чунин зикр карданд, ки “вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонда шавад. Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористӣ, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмааи умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд.”

Воқеан, дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳон дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, дигар намуди ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ бояд тамоми мамлакатҳои дунё новобаста ба дараҷаи рушд ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҳамкор бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ ҳанӯз 16 ноябри соли 1999 ва 8 декабри соли 2003 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”-ро қабул намуд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлубро муайян мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил ва гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз омодагии худ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо тамоми кишварҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ барои дигар паёми мушаххас дод. Тавре натиҷаҳои конфронс нишон доданд, иштирокдорон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои дар он пешбинишуда мувофиқат ҳосил намуда, ин нишасти муҳимро барои иттиҳоду ҳамбастагӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ муфид арзёбӣ намуданд.

Чизи дигарро ба ёд бояд овард. Чунин ба назар мерасад, ки баъзе ақидаҳо мавҷуданд, дар як сатҳ мафҳуми терроризм, ки исломро бо ҳам пайванд дода, яке будани онҳоро ба афкори ҷамъияти ҷаҳонӣ талқин мекунанд, аммо ин хатост.

Зеро имрӯз ҳодисаҳои ба амал омадаистодаи террористӣ исбот месозанд, ки исломро бадном мекунанд ва аз номи Ислом баромад кардаистода амалҳои зиштро содир менамоянд.

Терроризм, ҳамчун дигар шаклҳои ҷинояткорӣ набояд аз рӯи принсипҳои диниву нажодӣ ташреҳ дода шавад. Амалҳои террористӣ ба инкишофи зарурии шуури одамон дар аср ХХI монеаи бузург дониста мешавад.

Дар маҷмуъ терроризм падидаи сиёҳу ғайриқонунӣ ва ҷинояти муташаккил унвон гардида, ба вазъи кунунии сайёра ва ҳаёти инсонҳо хатари ҷиддие дорад.

Суҳроб Тоирзода-корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ                                                           дар ноҳияи Данғара

                                                  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg