ШАҲРИТУЗ.Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод, Акрамов Раҳим ва Ҳикматова Хайриниссо бо кормандон ва омӯзгорон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони « Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба аъзои навқабулгаштаи муассисаи таълимии № 4 шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.