ХУРОСОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Аъзам Тошмуҳамедов»-и ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, ҳамагонро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуданд.