НОРАК. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо мақсади тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо, кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Норак иштирок дошта, оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва масъалаи ташвишовари ҷомеаи имрӯза, яъне терроризму эктремизм суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҷонии ҳар яки мо буда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона талош варзем.
Инчунин, Сабзалӣ Зоиров муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ оид ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.