БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳар куҷо бошад, азиз аст!

ЛЕВАКАНТ. Бо ибтикори намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар синфхонаи челонгарии ЛКСК-и шаҳр бо донишҷӯён вохӯрӣ атрофи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Шомудинова Шаҳло ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Шомудинова Шаҳло зимни суханронӣ иброз дошт, ки солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дарак медиҳад, ки анъанҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, касбу ҳунар,  шуғли доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз байн наравад.

Сипас, Ризомова Гуландом дар баромади худ зикр намуд, ки оҳангарӣ, навъе аз пешаву ҳунар, дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадааст. Ниёгони мо дар ибтидои ҳазораи  1 то милод истифодаи филизро медонистанд. Он замон  оҳанро дар кӯрае мегудохтанд,  ки ҳарораташ ба 1300-1400 дараҷа мерасид ва аз онҳо асбобҳои рӯзгор омода мекарданд.

Дар охир донишҷӯён доир ба корҳои дастии худ маълумот дода, зикр намуданд, ки устохонаи оҳангарӣ бо кура, сандон, путк, дам, болға, амбур, сунбаҳо, гиро, чарх ва технологияи навин  ҷиҳозонида шуданд, ки мо донишҷӯён  ҳамарӯза дарси амалӣ гузашта, кафгиру бел, табару  дост, наълу тешачаҳо ва сохтани  дигар асбобҳои рӯзгорро   аз худ мекунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg