ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Молия» вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ нуктаҳои муҳими дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри корҳои созанда, хизмати содиқона ба халқу Ватан ва иҷрои босифати хизматрасонии молиявиро ба ташкилотҳои буҷетӣ масъулини соҳаро тавсия ва роҳнамоӣ карданд.
Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Раҳмиддин Ёров дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тамоми кормандон, аъзои ҲХДТ буда, пайваста дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ фаъолияти босамар доранд.