БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсаду мароми ҲХДТ бунёдкориву созандагист!

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Заминсозӣ» тибқи нақшаи тасдиқгардида ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Вохӯриро Асақолов Алиҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   кушода,  доир ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат баремоянд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла пешгирӣ аз хатарҳои  ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ  намуда, ҳамагонро  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg