ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Азизӣ Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхона»-и ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Азизӣ Сабоҳат доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуд.
Баъдан бо истифода аз обу ҳавои мусоит Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур ташкили корҳои ободониву созандагӣ ва аёдату кӯмак ба табақаҳои ниёзмандӣ ҷомеа авсияҳо дода шуд.