КУШОНИЁН. Ҳамарӯза дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!” корҳои ободониву бунёдкорӣ баргузор шуда истодааст.
Ин навбат бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол ва деҳаи Ҷалолиддини Румӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ гузаронида шуд.
Иштирокчиёни Аксияи ҳизбӣ гирду атрофи деҳаро ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳои обгузарро аз ҳар гуна алафу партовҳои бегона тоза карданд, барои сабзгардонии деҳаи номбурда зиёда аз 47 бех дарахтони ҳамешасабз ва оришӣ шинониданд, ки барои сарсабзу обод шудани деҳаи худ саҳм гузоштанд.