
ШАҲРИТӮЗ.Тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар роҳандозии Аксияи ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз иштирк дошта, дар якҷоягӣ бо фаъолон, раиси маҳаллаи деҳаи Сомониён Қарабоев Акрам ва Имомхатиби деҳа Ҷӯрақулов Мӯъмин бо якдилӣ баҳри ободонии маҳалли зисти худ камар бастанд.
Дар рафти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Сомониён рангуборкунии қисмати берунии дару деворҳои ҳавлиҳои деҳа ва сафедкунии бехи дарахтон гузаронида шуд, ки ба ҳусни деҳа зебогии дигар бахшид.