
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Хайробод чорабинии ҳизбӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарҳиботӣ-амалии тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар нохия Бекмамадов Асалмамад бо сокинони фаъоли маҳаллаи болозикр баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ Бекмамадов Асалмамад вобаста ба Аксияи тарғиботии – амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баромад намуда, иброз дошт, ки бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ Аксияҳои ободонӣ пайваста роҳандози карда мешавад.
Фаъолони ҳизб дар доираи Аксияи ҳизбӣ ҷӯйборҳоро тоза карда, қисме аз роҳи маҳалларо сангфарш намуданд.