
Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол гирифтании ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру тармими бинову иншоотҳои иҷтимоӣ, бунёди боғҳо, истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар маҳаллаи Орзуи ҷамоати деҳоти Фирӯза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони « Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ватандӯстӣ, ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон , таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар таҳкими ягонагиро ба сокинони маҳалла фаҳмонда дод.
Доир ба амалигардонии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони
«Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ҷӯйҳои обгӯузарро аз партовҳо тоза намуда, роҳи байни кӯчаҳои маҳалларо тозаву ҳамвор карданд.