БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – тарғибгари анъанаҳои миллӣ

ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 ва иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зафаробод»-и ҷамоати деҳоти Панҷоб бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ сокинони деҳаи Зафаробод ба тоза кардани ҷӯй ва тозаю озода намудани маҳалли зист сафарбар карда шуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, қайд намуд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷик воқеаи таърихӣ буд.

Мавзӯъи дигаре, ки дар Паём дахл карда шуд, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Паёми Президенти кишвар тамоми паҳлуҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро дар бар гирифта, барои рушди устувори Тоҷикистон дар соли 2019 дурнамои арзишманду амалӣ ба шумор меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg