ПАНҶ. Бо иштироки Ҳошимов Тоҳир- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, Ғафуров Сайдамир – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот, Атавуллоева Зебунисо – мудири шуъбаи кор бо ҷавонону занон ва Солиҳов Фирдавс – мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матубот дар маҳаллаи Сулҳи ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ баргузор гардид.
Иштирокдорон аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Сулҳ буда, онҳо ҳамзамон Аксияи тарғиботии ҳизбии «Якҷоя хал мекунем!»-ро дар амал татбиқ намуданд.
Ғафуров Сайдамир оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, махсусан соли 2018, ки бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфт ибрози андеша намуд. Дар идома қайд шуд, ки вақтҳои охир хатарҳои замони муосир ба мисли терроризму экстремизм ва интиқоли маводи мухадир ба тамоми кишварҳои дунё таҳдид намуда истодааст. Тоҷикистони тозаистилоли мо низ аз ин хатар дар амон нест. Аз ин лиҳоз, ки ҳамаи мову шумо, ки дар саргаҳи ин паёмадҳо қарор дорем бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, аз пештара дида бештар сарҷамъу муттаҳид бошем.
Тибқи ҷадвали татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Сулҳ корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар радифи ин иқдом 50 метр ҷӯйҳои обгузари ду тарафи роҳ тоза карда шуда, бехи дарахтонро нарму сафед ва 100 дона қаламчаҳои гулҳои ороишиву 25 бех ниҳолҳои сояафкан қад-қади роҳи мошингарди маҳалла шинонда шуд.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ Одинаева Нозира иброз дошт, ки чунин корҳои ободонӣ идома хоҳанд ёфт. Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ тақвимҳои ҳизбии кисагиву деворӣ ва нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ» дастраси сокинон карда шуд.