
КӮШОНИЁН.Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!” шанбегиҳо баргузор шуда истодааст.
Чунин як шанбегӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Чорсӯ”-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир гашт.
Иштирокдорони шанбегӣ ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карда, зери дарахтон ва гулҳои ороиширо нарм намуда, заминро барои шинонидани гулҳои мавсимиву ороишӣ омода намуданд.
Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.
Дар охир иштирокдорони корҳои ободонӣ маводҳои таблиғотии ҳизбиро дастрас карданд.