ҚУБОДИЁН. Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди ноҳияи Қубодиён камари ҳиммат баста, вазифаҳои дар Паём дарҷгардидаро сармашқи кору фаъолияти худ қарор доданд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша, соҳибкорони маҳаллӣ дар байни деҳаҳои Ғишткӯпрук ва Қизил-Тоҷикистони ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав бо сохтмони пули мошингузар бо маром идома дошта, ба истифодадиҳии он дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.