
ВОСЕЪ. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи мафкураи сиёсии мардум, пур кардани холигиҳои идеологии ҷомеа ва пеш аз ҳама ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноҳияи Восеъ ин навбат дар маҳаллаи Сари Ангури ҷамоат деҳоти Абӯабудллоҳи Рȳдакӣ ва дар маҳаллаи Меҳрободи ҷамоат деҳоти Гулистон нашри махсуси «Ӽамрози халк»-ро ба сокинони деҳот дастрас намуданд.
Аз ин икдоми пешгирифтаи Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аъзо ва фаъолони маҳаллаҳои болозикри ноҳияи Восеъ рȳҳбаланд гардида, изҳори сипос карданд.
Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" роҳандозӣ гардида, сокинони деҳот дар шинонидани дарахтони ҳамешасабз, тоза кардани назди хонаҳои худ ва обод кардани ҷойҳои вайрона саҳм гузоштанд.