БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо анҷоми корҳои созандагӣ Наврӯзро истиқбол мегирем

ВАХШ. Бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бобоҷон Ғафуров»-и ҷамоати шаҳраки Вахш дар доираи татбиқи қисмати амалии  Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ  доир карда шуд.

Дар корҳои ободониву созандагӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  фаъолона ширкат дошта, дар тоза кардани гирду атрофи  бинои маъмурӣ, нарм кардани замину бехи дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ  саҳм гузоштанд.

Иқдомҳои неку  ватандӯстона дар ҳудуди ноҳияи Вахш бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  бо маром идома дошта,   шаҳрвандон ният доранд ҷашнҳои дарпешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои баланд истиқбол  менамоянд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg