БОХТАР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳалаи ба номи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби васеи сокинон дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» истиқоматкунандагони маҳала гирду атрофи деҳаро бо тартиб дароварда, ҷӯйборҳои обгузарро аз ҳар гуна алафҳои бегона ва партовҳо тоза карданд.
Раиси маҳалаи Бобоҷон Ғафуров Кенҷаев Раҳматулло зимни андешаронӣ қайд намуд, ки дар ҳудуди маҳала то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, дар он аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷалб карда мешаванд.