БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша-чорабиниҳои ҳизбӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №2» - и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия шанбегӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои ташкилоти мазкур корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёдкориро бо мақсади ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр, аз қабили тоза кардани гирду атрофи ташкилоти номбурда, аз партовҳо тоза кардани ҷӯйборҳои обгузар, шинонидани дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва гулҳои ороишӣ саҳм гузоштанд.

Дар шанбегӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ширкат варзида, қайд карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳанд.

Дар охир ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg