
Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шарора”-и ҷамоати деҳоти Халевард вобаста ба амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷалби васеи мардум ба татбиқи ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҳизб, амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин оид ба нукткҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзавлиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизби Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб роҳандозӣ гардида, бо сангфарш намудани роҳи ҳудуди маҳал, барои ободу зебо гардонидани маҳалла саҳм гузоштанд.