БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Моҳияти Муроҷиатномаи ҳизбиро сокинони маҳал хуб дарк

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири Хусрав вобаста  ба  амалигардонии самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ,  татбиқи   ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ, иҷрои нуктаҳои Паёми имсолаи  Президенти  мамалакат  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  маҳаллаи  “Муротеппа”    вохӯрӣ баргузор  гардид.

Дар  вохӯрӣ  масъулин  оид  ба нуктаҳои   Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, эълон  шудани  солҳои  2019-2021  Солҳои  рушди  деҳот,  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ, самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, инчунин   амалисозии   Соли  тақвияти  робита   бо  маҳал  ва  моҳияти  Аксияи  тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “ Якҷоя  ҳал  мекунем!” андешаронӣ карданд.

Доир ба   муроҷиатномаи  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  ба  сокинони  вилоят ҷиҳати  мусоидат  дар  татбиқи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизбӣ, ки  дар    нашри  махсуси  рӯзномаи  “Ҳамрози  халқ” чоп  шудааст, ҳарф зада, қайд  гардид, ки  ҳар  як  сокини  вилоят,   аз  ҷумла  сокинони  ноҳияи  Носири  Хусрав новобаста  аз  касбу  кор ва  шуғл  бо  дарки  масъулияти  баланди  ватансозӣ  бо  кору  амали  ватандӯстонааш  дар ободу осоиштагӣ  ва  баҳри  пойдории  давлат хизмати софдилона намуда, тамоми  заҳмату  кӯшиши  худро барои  таъмини  пешрафту шукуфоии  кишварамон  равона  созад. Барои  пурра  шинос  шудан  ба  Муроҷиатнома   нашри  махсуси  рӯзнома  ба  ҳар  як сокини  маҳалла   дастрас   карда  шуд.

Дар  маҳалла   Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “ Якҷоя  ҳал  мекунем!” роҳандозӣ  гардида, сокинон  тасмим  гирифтанд, ки  бинои  ҷамъиятии  маҳалларо  бунёд  намоянд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg