
КУШОНИЁН. Бо мақсади амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ватандӯстӣ ноҳияи Кушониён бо ҳисси баланди масъулияти ватансозӣ ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, ба сохтани майдончаҳои варзишии ноҳия машғул шуданд.
Сокинони ватандӯстӣ ноҳияи Кушониён гирду атрофи роҳҳои ноҳияро аз алафҳои бегона ва хасу буттаҳои хушкшудаи дарахтони сояафкану мевадиҳанда тоза карда, бехи дарахтонро нарм ва ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза намуданд.
Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадони мардуми тоҷик идома дошта, корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.