
ВОСЕЪ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Восеободи калон» бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободониро доир намуданд.
Дар корҳои ободониву бунёдкорӣ кормандони Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо фаъолони ӽизб бехи дарахтони дар саӽни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-ро нарм намуда, 58 бех дарахти арчаи ӽамешасабз шинониданд.
Чунин корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳудуди ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона доранд.
Дар охир ба аъзои фаъоли ӽизб аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроия нашрияи махсуси «Ӽамрози халқ» дастрас карда шуданд.