БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи ТЭТ ҲНИ коштани тухми ғаразу бадбинии динӣ мебошад

ВОКУНИШ. Шиддати  хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона  имрӯз ҳам паст нашудааст. Новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати озод - сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро мунтаззам пеш бурда истодааст.

Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву ободи кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд. Саркардаи ин гуна ҳаракатҳои номатлуб ТЭТ ҲНИ меистад, ки аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз амалҳои хиёнаткоронаи худро нисбати давлату миллат тарҳрезӣ карда истодааст. Лекин амалҳои пасипардагии наҳзатиён ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад.

Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эълоншуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки амалҳои хешро дар мизони ақл баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд. Онҳо чӣ мехоҳанд -пешравии Тоҷикистон ё нобудии онро мехоҳанд?

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун, амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамлакатҳо ба «шарофати» ин ҳаракатҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ дида намешавад. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод ва ҷангу задухурдҳо барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми кишварҳо гардидааст.

Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ беш аз таърихи 40 сола дорад, лек ин таърихи сиёҳи онҳо дар хотираи мардум бо рӯзҳои сиёҳ нақш бастааст. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи ба сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Маҳз дар сари урдугоҳи мухолифин роҳбарияту размандагони ҲНИ меистод ва то ба охир мақсади аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистонро дошта буданд. Лек диданд, ки дар ҷанг бо ҳокимияти конститусияонӣ мағлуб мешаванд, роҳи сулҳ пеш гирифтанд ва баъди имзои созишномаи сулҳ, ин ҳизб парлумонӣ гардид. Аммо набудани имконоти сари қудрат омадани наҳзатиён тавассути интихобот, оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳоро кушод.

ТЭТ ҲНИ мисли солҳои 90 –ум сенарияи табаддулотро соли 2015-ум истифода намуд. Ин амали хиёнаткоронаи наҳзатиён, охирин имконияти ба сари қудрат омадан буд, ки хушбахтона он шикаст хӯрд. Он нақшае, ки аз ҷониби баъзе аз кишварҳои хориҷӣ, бо дасти ҲНИ ва размандагонаш табаддулоти давлатӣ дар Ватани азизамон - Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.Ва дар ин асос бо қарори Суди олии Ҷумхурии Тоҷикистон мавҷудияти ин ҳизб дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.

Мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллати худ тавонист, ки аз ин вартаи ҳалокатвор давлату миллати худро наҷот диҳад ва бо боварии том изҳор карда метавонем, ки мардуми мо, тоҷикистониён дигар ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки бо тақдири онҳо ҳар гуна нохалафон бозӣ кунанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад иброз доштанд Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ.

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

 

Холиқов Саймалик- узви Гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Панҷ

                                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg