
АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегиест, ки дар он паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои иқттисодиву иҷтимоӣ, амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, рушди устувори иқтисодиёт ва бозҳам беҳтар шудани зиндагии мардум меҳвари асоси онро ташкил медиҳад. Махсусан вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, раванди босуръати мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳиллаи нави “ҷанги сард”, ҳар як сокини ватанамонро водор месозад, ки ба ноил шудан ба дастовардҳои бештар аҳлона заҳмат намуда, иқтидори иқтисодии онро бештар намоем.
Паём ҳуҷҷати муҳим барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллии кишвар буда, баланд бардоштани нерӯи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва беҳтаршавии сифати зиндагии мардум меҳвари асосии онро ташкил медиҳад.
Тавассути татбиқи чорабиниҳои дастаҷаъмона дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба шумор меравад. Ташкили ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияи муосир, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, инчунин ташкили корхонаҳои муштарак ҳамаҷониба дар Паём таъкид гардид.
Дар Паёми худ Пешвои миллатамон ба воқеият такя намуда, роҳҳои ҳарчи бештар рушд намудани соҳаҳои хоҷагии халқ, беҳтару хубтар намудани зиндагии мардум, вазифагузорӣ намуда, дар баробари се ҳадафи страегӣ барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегии – саноатсозии босуръати кишварро пешниҳод намуданд. Барои амалӣ гардидани ин ҳадаф дар ҷумҳурӣ ҳамаи заминаҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ ва истеҳсолӣ муҳайё мебошад.
Дар Паём доир ба ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар дар пайванди мантиқӣ бо назардошти шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид шуд, ки дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати истиқболи шоёни ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ илова ба сохтмон ва таъмиру тармими иншооти иҷтитмоӣ, инчунин мушкилоти таъминоти аҳол бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин , махсусан дар деҳот боляд ҳал карда шавад. Инчунин зикр гардид, ки дар доираи эълон шудани соли 20918 Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2018 шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташриф оварда, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзоиш ёфт барои расидан ба ин ҳадаф як сол басанда нест. Бинобар ин барои расидан ба ҳадафҳои пешбиншуда Роҳбари давлат ҳифзи муҳити зистро яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон дониста, бо назардошти зарурияти инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019- 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар ҳақиқат Тоҷикистон бо табиати рангину манзараҳои дилфиребаш, барои роҳандозии намудҳои гуногуни сайёҳӣ, монанди сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию кӯҳнавардӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Аз ҳамин хотир мо сокинони мамлакат мебояд, ки нисбат ба Ватани худ ба ҳамин сарзамини худ муҳаббат дошта бошем ва онро сидқан дӯст дорем, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нашавем ва барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо бо ҳисси масъулиятшиносии баланд ва фаъолияти пурсамар, саҳми арзандаи худро гузорем. Танҳо меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон ва сарфарозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда мегардад. Боварӣ дорем, ки бо иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём баён доштанд, ба ин ҳадафҳо мерасем.
Раҳмон Муродов- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав