БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маҳалламон оғоз мешавад!

ПАНҶ. Ҳадаф аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар навбати аввал  рушд додани инфрасохтори деҳот,  ҳамаҷониба тараққӣ додани  соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии  шоиста имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ба таври замонавӣ эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ва бо ин васила   муаррифи намудани он ба ҷаҳониён мебошад.

Вобаста ба  ин бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  бо сокинони маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Панҷ  вохӯрии судманд доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳошимов Тоҳир- мудири шуъбаи  ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия оғоз гардида, дар бораи нуқтаҳои асосии  Паём- саноат, иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф, ки  таҳлилу баррасӣ гардида,  дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2019 мушаххас гардиданд.

Баъдан, оид ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ сухан рафта, қайд шуд, ки дар ин замина ҳизбиён мувазафанд, ки дар амалӣ намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи ҲХДТ ва Раиси муаззами ҳизб ҳиссагузор шаванд.

Дар охир, ҷихати роҳандозӣ намудани Аксияи ҳизбӣ-тарғиботии «Якҷоя ҳал мекунем!»  сокинон таҳти шиори «Ободии кишвар аз ободии маҳалламон оғоз мешавад!» бо тоза кардани гирду атрофи хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, тоза кардани ҷуйи обгузар аз партовҳо ва шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg