БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шиддати бемориҳои сироятиро кам кардан аз худи мо вобаста аст!

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Маркази дизенфексионӣ” оид ба фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҳозирин мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат,  рушди иқтисодиёт, энергетика, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва риояи қонунҳои миллӣ, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд,  таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, саноати дорусозӣ ваэълон гардидани солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ  карда, моҳияти масъалаҳои номбурдаро  фаҳмониданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg