ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни андешаронӣ мавсуф дар бораи вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомузӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила, никоҳи хешутаборӣ, бемориҳои сироятии ВНМО ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ андешарони кард.
Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ифротиён нагардида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, бо бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромии кишвар, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани таълиму тарбияи наврас, ки ояндаи давлату миллат аз насли ояндасозаш вобастагии калон дорад, саҳмгузор бошанд.