
ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Филиали №17-и БДА ҶТ "Амонатбонк" ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" дар яке аз ҷамоати дурдасти ноҳия, ки барои хизматрасонии бонкӣ танқисӣ мекашиданд, маркази хизматрасонии Амонатбонк сохтмонаш идома дорад, бо сохмончиён ва кормандони маркази мазкур хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат варзида, ҷаҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур суҳбатҳои муфид доир намуданд.